Мо бе ту ба дил барназадем оби сабурӣ

Мо бе ту ба дил барназадем оби сабурӣ,
Чун сангдилон дил биниҳодем ба дурӣ.

Баъд аз ту кӣ дар чашми ман ояд, ки ба чашмам
Гӯӣ ҳама олам зулумот асту ту нурӣ.

Халқе ба ту муштоқу ҷаҳоне ба ту равшан,
Мо аз ту гурезону ту аз ҳалқ нафурӣ¹.

Ҷуз хатти диловези ту бар тарфи буногӯш
Сабза нашунидам, ки дамад бар гули сурӣ.

Дар боғ рав, эй сарви хиромон, ки халоиқ
Гӯянд, магар боғи биҳишт асту ту ҳурӣ.

Рӯи ту на рӯест, к-аз ӯ сабр тавон кард,
Лекин чӣ кунам, гар накунам сабр зарурӣ?

Саъдӣ ба ҷафо дасти умед аз ту надорад,
Ҳам ҷаври ту беҳтар, ки зи рӯи ту сабурӣ.


¹ Гурезон.