Умедворам, агар сад раҳам бияндозӣ

Умедворам, агар сад раҳам бияндозӣ,
Ки бори дигарам аз рӯи лутф бинвозӣ.

Чу рӯзгор насозад, ситеза натвон бурд,
Зарурат аст, ки бо рӯзгор дарсозӣ.

Ҷафои ишқи ту бар ақли ман ҳамон масал аст,
Ки саргазит¹ ба кофир ҳамедиҳад ғозӣ².

Дареғи бозуи тақво, ки дасти рангинат
Ба қатли ман сари ангушт мекунад бозӣ.

Басе мутолиа кардем нақши оламро,
Зи ҳар кӣ дар назар ояд, ба ҳусн мумтозӣ.

Ҳазор чун ман агар меҳнату бало бинад,
Туро аз он чӣ, ки дар неъматию дар нозӣ!

Ҳадиси ишқи ту пайдо накардаме бари халқ,
Гар оби дида накардӣ ба гиря ғаммозӣ.

Зиҳӣ савор, ки сад дил ба ғамзае бибарӣ,
Ҳазор сайд ба як тохтан бияндозӣ.

Туро чу Саъдӣ агар бандае бувад, чӣ шавад,
Ки дар рикоби ту бошад ғуломи шерозӣ.

Гараш ба қаҳр биронӣ, ба лутф боз ояд,
Ки зар ҳамон бувад, ар чанд бор бигдозӣ.

Чу об меравад ин порсӣ ба қуввати табъ,
На маркабест, ки аз вай сабақ барад тозӣ.


¹ Заре, ки аз кофирон ба тариқи ҷизя бигиранд.
² Ғазокунанда, ҷангҷӯи мусулмон.