То кай, эй оташи савдо, ба сарам бархезӣ?

То кай, эй оташи савдо, ба сарам бархезӣ?
То кай, эй нолаи зор, аз ҷигарам бархезӣ?

То кай, эй чашмаи симоб, ки дар чашми манӣ,
Аз ғами дӯст ба рӯи чу зарам бархезӣ?

Як замон дидаи ман раҳ ба суи хоб барад,
Эй хаёл, ар шабе аз раҳгузарам бархезӣ.

Эй дил, аз баҳри чӣ хуноба шудӣ дар бари ман?
Зуд бошад, ки ту низ аз назарам бархезӣ.

Ба чӣ дониш занӣ, эй мурғи саҳар, навбати рӯз?
Ки на ҳар субҳ ба оҳи саҳарам бархезӣ.

Эй ғам, аз ҳамнафасии ту малолам бигирифт,
Ҳечат афтад, ки, Худоро, зи сарам бархезӣ?