Иттифоқам ба сари кӯи касе афтодаст

Иттифоқам ба сари кӯи касе афтодаст,
Ки дар он кӯй чу ман кушта басе афтодаст.

Хабари мо бирасонед ба мурғони чаман,
Ки ҳамовози шумо дар қафасе афтодаст.

Ба дилором бигӯ, эй нафаси боди саҳар,
Кори мо ҳамчу саҳар бо нафасе афтодаст.

Рӯи ширин чӣ тавон гуфт, бар ӯ холи сиёҳ?!
Ангубин аст, ки дар вай магасе афтодаст.

Ҳеч кас айби ҳавас бохтани мо накунад,
Магар он кас, ки ба доми ҳавасе афтодаст.

Саъдиё, ҳоли парокандаи гӯй он донад,
Ки ҳама умр ба чавгони касе афтодаст.