Дидори Зайд ва Маҷнун
Яке дигар аз ушшоқи маъруфи он рӯзгор Зайд ном дошт, ки аз қазо дар ҳамон ҷое зиндагӣ мекард, ки манзилгоҳу маскани Лайлӣ ҳам буд. Зайд ҷавоне буд ошиқпешаву ҳунарманд ва шоире моҳир, ки дил ба духтари амуи (амак) худ, ки Зайнаб ном дошт, бохта буд.
Бо духтари амми хеш дар банд,
Ӯ низ бад-ӯ ҳам орзуманд.
Бар ҳар ду тараф зи ҳамнишонӣ,
Уфтода нишони меҳрубонӣ.
Оре, ин духтараму ва писараму, ҳар ду ба якдигар алоқаманд буданд, аммо амуяш ба далели ин ки Зайд аз моли дунё чизе надошт ва дасташ танг буд ва аз сӯе худаш тавонгару сарватманд буд, бо васлати он ду ҷавон мухолифат мекард. Ба ҳамин ҷиҳат Зайд ҳамеша дар пайи ёфтани чорае буд, то битавонад мушкили худро ҳал кунад, аммо ба ҳар даре, ки мезад ҷавобе намегирифт ва оқибат дар чораи кори худ дармонд.
Пас аз он Зайд низ дармонда ва бечора, дар ҳоле ки гирифтори ишқи худ буд, фақат беҳадаф мечархиду шеър месуруд. Аз тарафи дигар, амуяш низ духтари худро дар хона ҳабс карда буд ва ӯро аз писараму дур нигаҳ медошт то ин ки оқибат ӯро ба ақди яке аз хостгорони сарватмандаш даровард. Зайд, ки дигар умеде ба висоли Зайнаб надошт, ҳамонанди дигар ушшоқ, дучори ҷунун ва девонагӣ шуд ва аз хобу хӯрок уфтод ва овораю саргардон шуд. Андак-андак дӯстонаш низ аз атрофи ӯ пароканда шуданд ва ӯ монду дили ранҷдидааш. Танҳо касе, ки гаҳ-гоҳ ёде аз ӯ мекард ва ба ӯ дилдорӣ медод, Лайлӣ буд. Пас аз муддате, ки Лайлӣ вафодорӣ ва садоқати Зайдро дид ва ба ӯ итминон пайдо кард, рози дили худро ба ӯ гуфт ва кам-кам пайғомҳои худро ба ӯ месупурд, то ба дасти Маҷнун бирасонад. Маҷнун ҳам бо дидани Зайд хушҳолу хандон ба пешвозаш мерафт ва ӯро бисёр дӯст медошт. Ҳатто ҷонварони ваҳшии давру бари Маҷнун низ азбаски Зайдро дида буданд, дигар бо ӯ коре надоштанд ва бо ӯ меҳрубонӣ мекарданд.
Рӯзе аз рӯзҳо, ки он ду дар биёбон машғули суҳбат бо якдигар буданд, Зайд хитоб ба Маҷнун ва бо лаҳне сарзанишомез гуфт: «Ту, ки метавонӣ чунин ашъореро бисароӣ ва суханат ин гуна баланду расост, чаро бояд роҳи девонагиро дар пеш бигирӣ? Ба гумони ман беҳтар аст, ки ту ҳам дар роҳи оқилон қадам бигузорӣ. Ту ҳарчи дар ин роҳ ранҷ кашида бошӣ, боз ҳам дар ғаму ғусса хӯрдан дар муқобили ман пиёдаӣ. Гиря накун, ки ман ҳам бисёр гиристаам ва аз ту бисёр ғамгинтар будаам, аммо бо вуҷуди ҳамаи инҳо оқибат сабр пеша кардам ва монанди дигарон зистам ва либос пӯшидаму ғизо хӯрдам. Пас ту ҳам биё ва монанди ман даст аз ин девонагӣ бардор».
Маҷнун, ки мубасирри ҷаҳон буд
Шаҳваткушу хештанраҳон буд.
Чун дид, ки Зайдшефтааш гуфт,
Шуд шефтаву бар ӯ барошуфт,
К-эй Зайд, сухан зиёда кардӣ
Бигзар, ки зиёдагӯй мардӣ!
Наздики ман ар паём дорӣ,
Бигузору макун зиёдакорӣ.
Маҷнун, вақте ки дид Зайд ӯро девона мехонад, асабонӣ шуд ва фарёд зад: «Эй Зайд! Зиёда аз ҳадд суханони беҳуда гуфтӣ! Агар барои ман паёме аз Лайлӣ меоварӣ, онро бигузору бирав ва коре ба дигар чизҳо надошта бош. Чаро маро девона мехонӣ? Девона он касе аст, ки худкому худхоҳ аст, на ман! Ман коре ба касе надорам ва ба касе осебе намерасонам. Ҳамин ҳайвоноти ваҳширо, ки мебинӣ ба хотири хулқу хӯи хуби ман аст, ки дар атрофи ман ҷамъ шудаанд. Дуруст аст, ки зоҳирам чандон хуб нест ва боиси ранҷиши дигарон мешавад, аммо ботинам поку латиф аст». Шарт аст ҷарида истодан, З-ӯ ҷон талабидан, аз ту додан. Пиндоштаӣ, ки ман дар ин дом, Бар ҷустани дона мениҳам гом. Дар чашмаи ҳалқаҳои иншаст, З-андешаи ғарқ мезанам даст. Кӯшам, ки аз ин равоқи пурхор Мардона буруншавам, на мурдор. «Дар роҳи ишқ шарт ин аст, ки таку танҳо биистӣ ва маъшуқ аз ту ҷон бихоҳад ва ту ҳам нисори ӯ кунӣ. Оё ту гумон мекунӣ, ки ман барои расидан ба обу дона ба ин дом уфтодаам, ё барои ин ки ғарқ нашавам даст такон медиҳаму чунин мекунам? На! Чунин нест. Ман мекӯшам, ки мисли як мард аз ин дунё биравам, на монанди мурдоре, ки ба ҳеч дарде намехӯрад. Ман ҳеч гоҳ дигареро бути худ фарз намекунам ва онро намепарастам, чаро ки ман аввал аз ҳама бути вуҷуди худамрошикастам ва аз худпарастӣ раҳо шудам».
Маҷнун сипас идома дод: «Ман, ки аз мардуму хешон ва ақвомам канора гирифтаам ва ба ин хароба паноҳ овардаам, монанди дигарон ғайбат намекунам ва ҳилагарӣ надорам ва аз чизе ғафлат намеварзам. Ман пеш аз ин ки марг бихоҳад ба ман бигӯяд, ки бархез, худам баланд шудаам ва роҳи гӯри худро дар пеш гирифтаам ва танҳо чизе, ки аз ҷунуну девонагӣ дар худ мебинам, ҳамин аст. Агар шумо ҳам ин кори маро девонагӣ мепиндоред, пас ман маҷнун ва девонаам».
Оре, Маҷнун аз ин даст суханон то метавонист гуфт ва Зайд ҳам ҳамчунон хомӯшу бесадо фақат гӯш мекард ва чизе намегуфт. Вақте ки суханони Маҷнун ба поён расид, Зайд дид, ки ҳеч чорае надорад ҷуз ин ки он ҷоро тарк кунад ва пас аз он низ танҳо коре, ки дошт ин буд, ки паёмҳои он дуро ба якдигар бирасонад.
Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун. Баргардон ба наср: Муртазо Қосимӣ. Душанбе, «Пайванд», 2017