Гар дарунсӯхтае бо ту барорад нафас

Гар дарунсӯхтае бо ту барорад нафасе,
Чӣ тафовут кунад андар шакаристон магасе?

Эй ки инсофи дили сӯхтагон менадиҳӣ,
Худ чунин рӯй набояст намудан ба касе.

Рӯзе андар қадамат афтаму гар сар биравад,
Беҳ зи ман дар сари ин воқиа рафтанд басе.

Домани дӯст ба дунё натавон дод аз даст,
Ҳайф бошад, ки диҳӣ домани гавҳар ба хасе.

То ба имрӯз маро дар сухан ин сӯз набуд,
Ки гирифтор набудам ба каманди ҳавасе.

Чун сароидани булбул, ки хуш ояд бар шох,
Лекин он сӯз надорад, ки бувад дар қафасе.

Саъдиё, гар зи дил оташ ба қалам дарназадӣ,
Пас, чаро дуд ба сар меравадаш ҳар нафасе?