Ҳофизи Шерозӣ

476. Насими субҳи саодат бад он нишон, ки ту донӣ

Насими субҳи саодат бад он нишон, ки ту донӣ,
Гузар ба кӯйи фалон кун, дар он замон, ки ту донӣ.

Ту пайки хилвати розиву дида бар сари роҳат,
Ба мардумӣ, на ба фармон, чунон бирон, ки ту донӣ.

Бигӯ, ки ҷони азизам зи даст рафт, Худоро,
Зи лаъли рӯҳфазоят бибахш он, ки ту донӣ.

Ман ин ҳуруф навиштам, чунон, ки ғайр надонист,
Ту ҳам зи рӯйи каромат чунон бихон, ки ту донӣ.

Хаёли теғи ту бо мо ҳадиси ташнаву об аст,
Асири хеш гирифтӣ, бикуш чунон, ки ту донӣ.

Умед дар камари заркашат чӣ гуна бибандам,
Дақиқаест, нигоро, дар он миён, ки ту донӣ.

Якест туркиву този дар ин муомила, Ҳофиз,
Ҳадиси ишқ баён кун, бад он забон, ки ту донӣ.