Мо сипар андохтем, гар ту камон мекашӣ

Мо сипар андохтем, гар ту камон мекашӣ,
Гӯ, дили мо хуш мабош, гар ту бад-ин дилхушӣ.

Гар бикушӣ, бандаем, в-ар бинавозӣ, равост,
Мо ба ту мустаънисем¹, ту ба чӣ муставҳишӣ²?

Гуфтӣ, агар дарди ишқ пой надорӣ, гурез,
Чун битавонам гурехт, то ту камандам кашӣ?

Дида фурӯ дӯхтем, то на ба дӯзах барад,
Боз нигаҳ мекунам, сахт биҳиштивашӣ.

Ғояти хубӣ, ки ҳаст қабзаву шамшеру даст,
Халқ ҳасад мебаранд, чун ту маро мекушӣ.

Мӯҷиби фарёди мо хасм надонад, ки чист,
Чораи маҷрӯҳи ишқ нест ба ҷуз хомушӣ.

Чанд тавон, эй салим, об бар оташ задан?
К-оби диёнат барад ранги рухи оташӣ.

Одамии ҳушманд айш надорад зи фикр,
Соқии маҷлис, биёр он қадаҳи беҳушӣ.

Масти маи ишқро айб макун, Саъдиё,
Маст бияфтӣ ту низ, гар ҳам аз ин мечашӣ.


¹ Унсгирифта, маънус.
² Раманда, гурезон.