Ба поён омад ин дафтар, ҳикоят ҳамчунон боқӣ

Ба поён омад ин дафтар, ҳикоят ҳамчунон боқӣ,
Ба сад дафтар нашояд гуфт ҳасбулҳоли муштоқӣ.

Китобун болиғун миннӣ ҳабибан муъризан ғаннӣ,
Анифал мо таро иннӣ ало аҳдӣ ва мисоқӣ.

Нагӯям, нисбате дорам ба наздикони даргоҳат,
Ки худро бар ту мебандам ба солусию зарроқӣ.

Ахиллоӣ ва аҳбобӣ зару мин ҳуббиҳи мобӣ,
Маризулишқи ло ябрӣ ва ло яшку иларроқӣ.

Нишони ошиқ он бошад, ки шаб бо рӯз пайвандад,
Туро гар хоб мегирад, на соҳибдарди ушшоқӣ.

Қум имло васқинӣ каъсан ва даъ мо фиҳи масмуман,
Амо анталлазӣ тасқӣ фаъайнуссимма тирёқӣ.

Қадаҳ, чун даври мо бошад, ба ҳушёрони маҷлис деҳ,
Маро бигзор, то ҳайрон бимонад чашм дар соқӣ.

Саъо фӣ ҳадкиюшшаънӣ ва ламмо ядри мо шаънӣ,
Ана-л-маҷнуну ло аъбо би иҳроқин ва иғроқӣ.

Магар шамси фалак бошад бад-ин фархундадидорӣ?
Магар нафси малак бошад бад-ин покизаахлоқӣ?

Лақайту-л-усда фӣ-л-ғоботи ло тақво ало сайдӣ
Ва ҳозаззабю фӣ Шероза ясбинӣ би аҳдоқӣ.

На ҳуснат охире дорад, на Саъдиро сухан поён,
Бимирад ташна мустасқию дарё ҳамчунон боқӣ.