Ин туӣ ё сарви бустонӣ ба рафтор омадаст?

Ин туӣ ё сарви бустонӣ ба рафтор омадаст?
Ё малак дар сурати мардум ба гуфтор омадаст?

Он парӣ, к-аз халқ пинҳон буд чандин рӯзгор,
Боз мебинам, ки дар олам падидор омадаст.

Уд месӯзанд ё гул медамад дар бӯстон,
Дӯстон, ё корвони мушки Тотор омадаст?

То маро бо нақши рӯяш ошноӣ уфтод,
Ҳар чӣ мебинам, ба чашмам нақши девор омадаст.

Сорбоно, як назар дар рӯи он зебо нигор
Гар ба ҷоне медиҳӣ, инак, харидор омадаст.

Ман дигар дар хона наншинам асиру дардманд,
Хоса ин соат, ки гуфтӣ, гул ба гулзор омадаст.

Гар ту инкори назар дар офариниш мекунӣ,
Ман ҳамегӯям, ки чашм аз баҳри ин кор омадаст.

Ваҳ, ки гар ман боз бинам рӯи ёри хешро,
Мурдае бинӣ, ки бо дунё дигар бор омадаст.

Ончи бар ман меравад дар бандат, эй ороми ҷон,
Бо касе гӯям, ки дар банде гирифтор омадаст.

Най, ки менолад ҳаме дар маҷлиси озодагон,
З-он ҳаменолад, ки бар вай захми бисёр омадаст.

То напиндорӣ, ки баъд аз чашми хоболуди ту,
То бирафтӣ, хобам андар чашми бедор омадаст.

Саъдиё, гар ҳиммате дорӣ, манол аз ҷаври ёр,
То ҷаҳон будаст, ҷаври ёр бар ёр омадаст.