Ҳофизи Шерозӣ

490. Дар ҳама дайри муғон нест чу ман шайдое

Дар ҳама дайри муғон нест чу ман шайдое,
Хирқа ҷое гарави бодаву дафтар ҷое.

Дил, ки оинаи софест, ғуборе дорад,
Аз Худо металабам сӯҳбати равшанрое.

Кардаам тавба ба дасти санами бодафурӯш.
Ки дигар май нахӯрам бе рухи базморое.

Наргис ар лоф зад аз шеваи чашми ту, маранҷ,
Нараванд аҳли назар аз пайи нобиное.

Шарҳи ин қисса магар шамъ барорад ба забон,
Варна парвона надорад ба сухан парвое.

Ҷӯйҳо бастаам аз дида ба домон, ки магар
Дар канорам бинишонанд сиҳиболое.

Киштии бода биёвар, ки маро бе рухи дӯст,
Гашт ҳар гӯшаи чашм аз ғами дил дарёе.

Сухани ғайр магӯ бо мани маъшуқапараст,
К-аз ваю ҷоми маям нест ба кас парвое.

Ин ҳадисам чӣ хуш омад, ки саҳаргаҳ мегуфт,
Бар дари майкадае бо дафу най тарсое:

«Гар мусулмонӣ аз ин аст, ки Ҳофиз дорад,
Оҳ агар аз паси имрӯз бувад фардое!»