GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Ҳофизи Шерозӣ 491. Ба чашм кардаам абруи моҳсимое

Ба чашм кардаам абруи моҳсимое,
Хаёли сабзхате нақш бастаам ҷое.

Умед ҳаст, ки маншури ишқбозии ман,
Аз он камончаи абру расад ба туғрое.

Сарам зи даст бишуд, чашм аз интизор бисӯхт,
Дар орзуи сару чашми маҷлисорое.

Мукаддар аст дил, оташ ба хирқа хоҳам зад,
Биё, бубин, ки киро мекунад тамошое.

Ба рӯзи воқеа тобути мо зи сарв кунед,
Ки меравем ба доғи баландболое.

Зимоми дил ба касе додаам мани дарвеш,
Ки несташ ба кас аз тоҷу тахт парвое.

Дар он мақом, ки хубон зи ғамза теғ зананд,
Аҷаб мадор, саре уфтода дар пое.

Маро, ки аз рухи ӯ моҳ дар шабистон аст,
Куҷо бувад бар фурӯғи ситора парвое?!

Фироқу васл чӣ бошад? Ризои дӯст талаб,
Ки ҳайф бошад аз ӯ ғайри ӯ таманное.

Дурар зи шавқ бароранд моҳиён ба нисор,
Агар сафинаи Ҳофиз расад ба дарёе.

Ҳофизи Шерозӣ 492. Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ
Ҳофизи Шерозӣ 493. Эй подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ
Ҳофизи Шерозӣ 494. Эй дил, гар аз он чоҳи занахдон бадар ойӣ
Ҳофизи Шерозӣ 495. Май хоҳу гулафшон кун, аз даҳр чӣ меҷӯйӣ?
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Ҳофизи Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Ҳофизи Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР