Ту кадомию чӣ номӣ, ки чунин хуб хиромӣ

Ту кадомию чӣ номӣ, ки чунин хуб хиромӣ,
Хуни ушшоқ ҳалол аст, зиҳӣ шӯхи ҳаромӣ.

Бими он аст дамодам, ки чу парвона бисӯзам
Аз тағобун¹, ки ту чун шамъ чаро шоҳиди омӣ.

Фитна ангезию хун резию халқе нигаронат,
Ки чӣ ширинҳаракотию чӣ матбӯъкаломӣ.

Магар аз ҳайъати ширини ту мерафт ҳадисе,
Найшакар гуфт: Камар бастаам инак ба ғуломӣ.

Кофир ар қомати ҳамчун бути сагини ту бинад,
Бори дигар накунад саҷдаи бутҳои рухомӣ.

Бинишин як нафас, эй фитна, ки бархост қиёмат,
Фитна нодир бинишинад, чу ту дар ҳоли қиёмӣ.

Булъаҷаб бошад аз ин халқ, ки рӯят чу маҳи нав
Менамоянд ба ангушту ту худ бадри тамомӣ.

Кас наёрад, ки кунад ҷавр дар иқболи Атобак,
Ту чунин саркашу бечоракуш аз хайли кадомӣ?

Офати маҷлису майдону ҳалоки зану мардӣ,
Фитнаи хонаву бозору балои дару бомӣ.

Дар сари кори ту кардам дилу дин бо ҳама дониш,
Мурғи зирак ба ҳақиқат манам имрӯзу ту домӣ.

Тоқатам нест зи ҳар бехабаре санги маломат,
Ки ту дар синаи Саъдӣ чу чароғ аз паси ҷомӣ.


¹ Зиёнкорӣ.