Ҳофизи Шерозӣ

492. Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ

Саломе чу бӯйи хуши ошноӣ,
Бад он мардуми дидаи равшаноӣ.

Дуруде чу нури дили порсоён,
Бад-он шамъи хилватгаҳи порсоӣ.

Намебинам аз ҳамдамон ҳеч барҷой
Дилам хун шуд аз ғусса, соқӣ, куҷоӣ?

Зи кӯйи муғон рух магардон, ки он ҷо
Фурӯшанд мифтоҳи мушкилкушоӣ.

Арӯси ҷаҳон гарчи дар ҳадди ҳусн аст,
Зи ҳад мебарад шеваи бевафоӣ.

Дили хастаи ман гараш ҳиммате ҳаст,
Нахоҳад зи сангиндилон мӯмиёӣ.

Майи сӯфиафган куҷо мефурӯшанд,
Ки дар тобам аз дасти зӯҳди риёӣ?

Рафиқон чунон аҳди сӯҳбат шикастанд,
Ки гӯйӣ набудаст худ ошноӣ.

Маро гар ту бигзорӣ, эй нафси томеъ,
Басе подшоҳӣ кунам дар гадоӣ.

Биёмӯзамат кимиёи саодат,
Зи ҳамсӯҳбати бад ҷудоӣ, ҷудоӣ!

Макун, Ҳофиз, аз ҷаври даврон шикоят,
Чӣ донӣ ту, эй банда, кори худоӣ?