Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро

Пеши мо расми шикастан набувад аҳди вафоро,
Аллаҳ-Аллаҳ, ту фаромӯш макун суҳбати моро.

Қимати ишқ надонад, қадами сидқ надорад,
Сустаҳде ки таҳаммул накунад бори ҷафоро.

Гар мухайяр¹ бикунандам ба қиёмат, ки чӣ хоҳӣ,
Дӯст морову ҳама неъмати фирдавс шуморо.

Гар сарам меравад, аз аҳди ту сар бознапечам,
То нагӯянд пас аз ман, ки ба сар бурд вафоро.

Хунук² он дард, ки ёрам ба иёдат ба сар ояд,
Дардмандон ба чунин дард нахоҳанд даворо.

Бовар аз мот набошад, ту дар оина нигаҳ кун,
То бидонӣ, ки чӣ будаст гирифтори балоро.

Аз сари зулфи арӯсони чаман даст бидорад,
Ба сари зулфи ту гар даст расад боди саборо.

Сари ангушти таҳайюр бигазад ақл ба дандон,
Чу тааммул кунад ин сурати ангуштнаморо.

Орзу мекунадам шамъсифат пеши вуҷудат,
Ки саропой бисӯзанд мани бесарупоро.

Чашми кӯтаҳназарон бар варақи сурати хубон
Хат ҳамебинаду ориф қалами сунъи Худоро.

Ҳамаро дида ба рӯят нигарон аст, валекин
Худпарастон зи ҳақиқат нашиносанд ҳаворо.

Меҳрбонӣ зи ман омӯзу гарам умр намонад,
Ба сари турбати Саъдӣ биталаб меҳргиёро.

Ҳеч ҳушёр маломат накунад мастии моро,
Қул ли соҳин тараканноса минал ваҷди сукоро.


¹ Соҳибихтиёр.
² Хушо.