Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 5

Сарҳангзодаеро дар сарои Уғламиш дидам, ки ақлу киёсатею фаҳму фаросате зоидулвасф дошт, ҳам аз аҳди хурдӣ осори бузургӣ дар носияи ӯ пайдо.

Болои сараш зи ҳушмандӣ
Метофт ситораи баландӣ.

Филҷумла, мақбули назари султон омад, ки ҷамоили сурату комили маънӣ дошт ва хирадмандон гуфтаанд: «Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол». Абнои ҷинси ӯ бар мансаби ӯ ҳасад бурданд ва ба хиёнаташ муттаҳам карданд ва дар куштаи ӯ саъйи бефоида намуданд.

Душман чӣ занад, чу меҳрубон бошад дӯст?

Малик пурсид, ки мӯҷиби хасмии инон бар ҳаққи ту чист? Гуфт:

- Дар сояи давлати худовандӣ ҳамгинонро розӣ кардам, магар ҳасудро, ки розӣ намешавад, илло ба заволи неъмати ман ва иқболу давлати худованд.

Тавонам он, ки наёзорам андаруни касе,
Ҳасудро чӣ кунам, к-ӯ худ ба ранҷ-дар аст.
Бимир, то бираҳи, эй ҳасуд, к-ин ранҷест,
Ки аз машаққати он ҷуз ба марг натвон раст.

***

Шӯрбахтон ба орзӯ хоҳанд
Муқбилонро заволи неъмату ҷоҳ.
Гар набинад ба рӯз шаппара чашм,
Чашми офтобро чӣ гуноҳ?
Рост хоҳӣ, ҳазор чашми чунон
Кӯр беҳтар, ки офтоб сиёҳ.