Шаби фироқ кӣ донад, ки то саҳар чанд аст?

Шаби фироқ кӣ донад, ки то саҳар чанд аст?
Магар касе, ки ба зиндони ишқ дар банд аст.

Гирифтам, аз ғами дил роҳи бӯстон гирам,
Кадом сарв ба болои дӯст монанд аст?

Паёми ман кӣ расонад ба ёри меҳргусил?
Ки баршикастию моро ҳанӯз пайванд аст.

Қасам ба ҷони ту гуфтан тариқи иззат нест,
Ба хоки пои ту, в-он ҳам азим савганд аст,

Ки бо шикастани паймону баргирифтани дил
Ҳанӯз дида ба дидорат орзуманд аст.

Биё, ки бар сари кӯят бисоти чеҳраи мост
Ба ҷои хок, ки дар зери поят афкандаст.

Хаёли рӯи ту бехи умед биншондаст,
Балои ишқи ту бунёди сабр баркандаст.

Аҷаб дар он, ки ту маҷмӯъу гар қиёс кунӣ,
Ба зери ҳар хами мӯят диле парокандаст.

Агар бараҳна набошӣ, ки шахс бинмоӣ,
Гумон баранд, ки пироҳанат гулогандаст.

Зидастрафта на танҳо манам дар ин савдо,
Чӣ дастҳо, ки зи дасти ту бар Худованд аст.

Фироқи ёр, ки пеши ту барги коҳе нест,
Биёву бар дили ман бин, ки кӯҳи Алванд аст.

Зи заъф тоқати оҳам намонду тарсам, халқ
Гумон баранд, ки Саъдӣ зи дӯст хурсанд аст.