Соҳибназар набошад дар банди некномӣ

Соҳибназар набошад дар банди некномӣ,
Хосон хабар надоранд аз гуфтугӯи омӣ.

Эй нуқтаи сиёҳӣ, болои хатти сабзаш
Хуш донаӣ, валекин бас бар канори домӣ.

Ҳур аз биҳишт берун н-ояд, ту аз куҷоӣ?
Маҳ бар замин набошад, ту моҳрух, кадомӣ?

Дигар касаш набинад дар бӯстон хиромон,
Гар сарви бӯстонат бинад, ки мехиромӣ.

Бадри тамом рӯзе дар офтоби рӯят
Гар бингарад, биёрад иқрори нотамомӣ.

Тӯтӣ шакар шикастан дигар раво надорад,
Гар пистаат бибинад, вақте ки дар каломӣ.

Дар ҳусн беназирӣ, дар лутф бениҳоят,
Дар меҳр бесуботӣ, дар аҳд бедавомӣ.

Лоиқтар аз амирӣ дар хидматат асирӣ,
Хуштар зи подшоҳӣ дар ҳазратат ғуломӣ.

Тарки амал бигуфтам, эмин шудам зи азлат,
Бечизро набошад андеша аз ҳаромӣ¹.

Фардо ба доғи дӯзах нопухтае бисӯзад,
К-имрӯз оташи ишқ аз вай набурд хомӣ.

Ҳар лаҳза сар зи ҷое бар мекунад хаёлам,
То худ чӣ бар ман ояд з-ин мунқатеълигомӣ².

Саъдӣ, чу тарки ҳастӣ гуфтӣ, зи халқ растӣ,
Аз санг ғам набошад баъд аз шикастаҷомӣ.


¹ Дузд, роҳзан.
² Афсоргусехтагӣ, миҳоргусехтагӣ, парешонӣ.