З-андоза берун ташнаам, соқӣ, бидеҳ он обро,
Аввал маро сероб кун в-он гаҳ бидеҳ асҳобро.
Ман низ чашм аз хоби хуш бар менакардам пеш аз ин,
Рӯзи фироқи дӯстон шабхуш бигуфтам хобро.
Ҳар порсоро, к-он санам аз пеши хотир бигзарад,
Чашмаш бар абрӯ афканад, ботил кунад меҳробро.
Ман сайди ваҳшӣ нестам, дар банди ҷони хештан,
Гар вай ба тирам мезанад, истодаам партобро.
Миқдори¹ ёри ҳамнафас чун ман надонад ҳеч кас,
Моҳӣ, ки бар хушк уфтад, қимат бидонад обро.
Вақте дар обе то миён дастею пое мезадам,
Акнун ҳамон пиндоштам дарёи бепоёбро².
Имрӯз ҳоло ғарқаам, то бо каноре уфтам,
Он гаҳ ҳикоят гӯямат дарди дили ғарқобро.
Гар бевафоӣ кардаме, ярғу³ ба қоон⁴ бурдаме,
К-он кофир аъдо мекушад в-ин сангдил аҳбобро⁵.
Фарёд медорад рақиб аз дасти муштоқони ӯ,
Овози мутриб дар саро заҳмат бувад баввобро⁶.
Саъдӣ, чу ҷавраш мебарӣ, наздики ӯ дигар марав,
Эй бебасар, ман меравам? Ӯ мекашад қуллобро.
¹ Қадру арзиш.
² Амиқу жарф.
³ Додхоҳӣ.
⁴ Лақаби подшоҳони Чин.
⁵ Дӯстон, ёрон.
⁶ Дарбон.