Афсӯс бар он дида, ки рӯи ту надидаст

Афсӯс бар он дида, ки рӯи ту надидаст,
Ё дидаву баъд аз ту ба рӯе нигаридаст.

Гар муддаъиён нақш бибинанд париро,
Донанд, ки девона чаро ҷома даридаст.

Он кист, ки пиромани хуршеди ҷамолаш
Аз мушки сияҳ¹ доираи нима кашидаст?

Эй оқил, агар пой ба сангет барояд,
Фарҳод бидонӣ, ки чаро санг буридаст.

Раҳмат накунад бар дили бечораи Фарҳод,
Он кас, ки сухан гуфтани Ширин нашунидаст.

Аз дасти камонмуҳраи² абрӯи ту дар шаҳр
Дил нест, ки дар бар чу кабӯтар натапидаст.

Дар ваҳм наёяд, ки чӣ матбӯъ дарахтӣ,
Пайдост, ки ҳаргиз кас аз ин мева начидаст.

Сирри қалами қудрати бечуни илоҳӣ
Дар рӯи ту чун рӯй дар оина падид аст.

Мо аз ту ба ғайр аз ту надорем таманно,
Ҳалво ба касе деҳ, ки муҳаббат начашидаст.

Бо ин ҳама борони бало бар сари Саъдӣ
На-шгифт, агараш хонаи чашм обчакидаст.


¹ Гесӯи мушкин.
² Камони муҳраандозӣ.