Вожанома
Аз парда бурун уфтодан: ошкор шудан; фош шудан
Инс: инсон; башар
Бозшудан: бозгаштан
Биҳил кардан: ҳалол кардан; бахшидан
парвои чизе/касеро доштан: тарсидан аз; аҳаммият додан
пай гум кардан аз: ҷоеро тарк кардан; аз ҷое рафтан
таппонча: силӣ
тезинон: сареъ, зуд
ҷомадарӣ: ҷома ва либосро пора кардан аз рӯйи беқарорию ғам ё нишоту шодмонӣ
ҷарида: танҳо; номаи аъмол
ҷиноҳ: ҳар яке аз ду тарафи лашкар
ҳулла: либоси нав ва гиронбҳо; либос ва порчаи абрешимин
халаф: фарзанди солеҳ ва нек; ҷонишин
дурҷ: сандуқча
дуруштхорӣ: ғизоҳои ногувор ва дурушт хӯрдан
даравидан: дарав кардан; бардошт кардан
дастор: амома, салла; дастмол
дастон: достон; қисса
дуасба рондан: бо суръати бисёр рафтан
раҳил: кӯч; азимат
равоқи пурхор: киноя аз дунёи пур аз сахтию ранҷ
сухансигол: сухангӯ; сухансаро; овозахон
савдо: девонагӣ; ҷунун
ширкат: широкат, ҳамроҳӣ дар амре
шаст: каманд; дом
шағаб барзадан: дод ва фарёд кардан
шафақат: меҳрубонӣ
шакар гушодан: ширинзабонӣ кардан; шакарафшонӣ кардан
тоқ будан: таку танҳо будан
итоб: сарзаниш
араз: беморӣ
аморӣ: ду утоқаки чӯбӣ, ки бар пушти асб, шутур, ё фил мебастанд ва ҳангоми сафар дар он менишастанд; каҷова; маҳмил
инон тофтан аз: сарпечӣ кардан аз; рӯй тофтан аз
инон гардондан аз: бозгаштан аз
анбар: модае чарбу муаттар ва тираранг, ки аз дастгоҳи гуворишии анбармоҳӣ гирифта мешавад. Имрӯза дар атрсозӣ ба кор меравад ва дар қадим онро месӯзонданд ё месоиданд, то муҳитро муаттар кунанд.
қалби сипоҳ (лашкар): лашкариёне, ки ҳангоми ҷанг дар маркази лашкар қарор мегиранд
қут: хӯрок ба миқдоре, ки бадан ба он ниёз дорад
кажоҳанг: бадсадо; бадандеш
газофкорӣ: беҳудакорӣ; ифроткорӣ
гулангубин: маъҷуне монанди гулқанд, ки аз гулбаргҳои гули сурху асал таҳия мешавад
лоуболӣ: бебок; бепарво; бебандубор
моҳи дуҳафта: моҳи комил; моҳишаби чаҳордаҳ
мубассир: огоҳ; бино; бобасират
маҳмил: ду утоқаки чӯбӣ, ки бар пушти асб, шутур, ё фил мебастанд ва ҳангоми сафар дар он менишастанд; аморӣ; каҷова
маъмур: обод
мағок: гӯдол; гӯр
мунодӣ: нидодиҳанда; ҷорчӣ
мавкиб: ҳайвон, чаҳорпое, ки барои саворӣ аз он истифода мекарданд
маҳҷур: дурафтода; дур; мубтало ба ҳиҷрон
наззорагӣ: тамошогар; бинанда
наззора: тамошогар; бинанда
навохтан: навозиш кардан
водӣ: биёбон
вабол: мояи дарди сар; гуноҳ; сахтӣ; азоб
варақ хондан: тавсиф кардан ва дарбораи чизе ҳарф задан