Саъдии Шерозӣ

22. Ман бад-ин хубию зебоӣ надидам рӯйро

Ман бад-ин хубию зебоӣ надидам рӯйро,
В-ин диловезию дилбандӣ набошад мӯйро.

Рӯй агар пинҳон кунад сангиндили симинбадан,
Мушк ғаммоз¹ аст, натвонад ниҳуфтан бӯйро.

Эй мувофиқсуратумаънӣ, ки то чашми ман аст,
Аз ту зеботар надидам рӯю хуштар хӯйро.

Гар ба сар мегардам аз бечорагӣ, айбам макун,
Чун ту чавгон мезанӣ, ҷурме набошад гӯйро.

Ҳар киро вақте даме будасту дарде сӯхтаст,
Дӯст дорад нолаи мастону ҳоёҳуйро.

Мо маломатро ба ҷон ҷӯем дар бозори ишқ,
Кунҷи хилват порсоёни саломатҷӯйро.

Бӯстонро ҳеч дигар дар намебояд ба ҳусн,
Балки сарве чун ту мебояд канори ҷӯйро.

Эй гули хушбӯй, агар сад қарн боз ояд баҳор,
Мисли ман дигар набинӣ булбули хушгӯйро.

Саъдиё, гар бӯса бар дасташ намеёрӣ ниҳод,
Чора он донам, ки дар пояш бимолӣ рӯйро.

¹ Суханчин.