Саъдии Шерозӣ

26. Моро ҳама шаб намебарад хоб

Моро ҳама шаб намебарад хоб,
Эй хуфтаи рӯзгор, дарёб!

Дар бодия ташнагон бимурданд,
В-аз Даҷла ба Кӯфа меравад об.

Эй сахткамони сустпаймон,
Ин буд вафои аҳди асҳоб?

Хор аст ба зери паҳлувонат,
Бар рӯи ту хобгоҳи санҷоб.

Эй дидаи ошиқон ба рӯят
Чун рӯи муҷовирон ба меҳроб.

Ман тан ба қазои ишқ додам,
Пиронасар омадам ба куттоб¹.

Заҳр аз кафи дасти нозанинон
Дар ҳалқ чунон равад, ки ҷуллоб².

Девонаи кӯи хубрӯён
Дардаш накунад ҷафои баввоб.

Саъдӣ натавон ба ҳеч куштан,
Илло ба фироқи рӯи аҳбоб.

¹ Мактаб, мадраса.
² Муарраби гулоб.