Аз ҳар чӣ меравад, сухани дӯст хуштар аст

Аз ҳар чӣ меравад, сухани дӯст хуштар аст,
Пайғоми ошно нафаси рӯҳпарвар аст.

Ҳаргиз вуҷуди ҳозири ғоиб шунидаӣ?
Ман дар миёни ҷамъу дилам ҷои дигар аст.

Шоҳид ки дар миён набувад, шамъ, гӯ, бимир!
Чун ҳаст , агар чароғ набошад, мунаввар аст.

Абнои рӯзгор ба саҳро раванду боғ,
Саҳрову боғи зиндадилон кӯи дилбар аст.

Ҷон, меравам, ки дар қадам андозамаш зи шавқ,
Дармондаам ҳанӯз, ки нузле муҳаққар аст.

Кош, он бахашмрафтаи мо оштӣ кунад,
Боз омадӣ, ки дидаи ушшоқ бар дар аст.

Ҷоно, дилам чу уд бар оташ бисӯхтӣ,
В-ин дам, ки мезанам зи ғамат, дуди миҷмар аст.

Шабҳои бетуам шаби гӯр аст дар хаёл,
В-ар бе ту бомдод кунам, рӯзи маҳшар аст.

Гесут анбаринаи гардан тамом буд,
Маъшуқи хубрӯй чӣ муҳтоҷи зевар аст?

Саъдӣ, хаёли беҳуда бастӣ умеди васл,
Ҳаҷрат бикушту васл ҳанӯзат мусаввар аст.

Зинҳор аз ин умеди дарозат, ки дар дил аст,
Ҳайҳот аз ин хаёли муҳолат, ки дар сар аст.