Вақти он омад, ки хуш бошад канори сабза ҷӯй

Вақти он омад, ки хуш бошад канори сабза ҷӯй,
Гар сари саҳрот бошад, сарвболое биҷӯй!

В-ар ба хилват бо дилоромат муяссар мешавад,
Дар сароят худ гулафшон аст сабзӣ, гӯ, марӯй!

Эй насими кӯи маъшуқ, ин чӣ боди хуррам аст,
То куҷо будӣ, ки ҷонам тоза мегардад ба бӯй?

Мутрибон гӯӣ дар овозанду мастон дар самоъ,
Шоҳидон дар ҳолату шӯридагон дар ҳоюҳуй.

Эй рафиқ, онч аз балои ишқ бар ман меравад,
Гар ба тарки ман намегӯӣ, ба турки ман бигӯй.

Эй ки пои рафтанат кунд асту роҳи васл тунд,
Бозгаштан ҳам нашояд, то қадам дорӣ, бипӯй.

Гар бибинӣ гиряи зорам, надонӣ фарқ кард,
К-оби чашм аст, ин ки пешат меравад ё оби ҷӯй.

Гӯйро гуфтанд: Эй бечора, саргардон мабош,
Гӯи мискинро чӣ товон аст? Чавгонро бигӯй!

Эй ки гуфтӣ, дил бишӯй аз меҳри ёри меҳрбон,
Ман дил аз меҳраш намешӯям, ту даст аз ман бишӯй!

Саъдиё, ошиқ нашояд будан андар хонақоҳ,
Шоҳидон бозифароху зоҳидон бас тангхӯй.