Саъдии Шерозӣ

32. Муаллимат ҳама шӯхию дилбарӣ омӯхт

Муаллимат ҳама шӯхию дилбарӣ омӯхт,
Ҷафову нозу итобу ситамгарӣ омӯхт.

Ғуломи он лаби заҳҳоку чашми фаттонам,
Ки кайду¹ сеҳр ба Заҳҳоку Сомирӣ андохт.

Ту бут, чаро ба муаллим равӣ, ки бутгари Чин
Ба чини зулфи ту ояд ба бутгариомӯхт?

Ҳазор булбули дастонсарои ошиқро
Бибояд аз ту сухан гуфтани дарӣ омӯхт.

Бирафт равнақи бозори Офтобу Қамар,
Аз он ки раҳ ба дукони ту Муштарӣ омӯхт.

Ҳама қабилаи ман олимони дин буданд,
Маро муаллими ишқи ту шоирӣ омӯхт.

Маро ба шоирӣ омӯхт рӯзгор он гаҳ,
Ки чашми масти ту дидам, ки соҳирӣ омӯхт.

Магар даҳони ту омӯхт тангӣ аз дили ман,
Вуҷуди ман зи миёни ту лоғарӣ омӯхт.

Балои ишқи ту бунёди зуҳду бехи вараъ²
Чунон биканд, ки сӯфӣ қаландарӣ омӯхт.

Дигар на азми саёҳат кунад, на ёди ватан,
Касе, ки бар сари кӯят муҷовирӣ омӯхт.

Ман одамӣ ба чунин шаклу қадду хӯю равиш
Надидаам, магар ин шева аз парӣ омӯхт?!

Ба хуни халқ фурӯ бурда панҷа, к-ин ҳинност,
Надонамаш, ки ба қатли кӣ шотирӣ омӯхт.

Чунин бигирям аз ин пас, ки мард битвонад
Дар оби дидаи Саъдӣ шиноварӣ омӯхт.

¹ Найранг.
² Зуҳд, порсоӣ.