Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро

Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.

Шакарфурӯш, ки умраш дароз бод, чаро
Тафаққуде накунад тӯтии шакархоро?

Ғурури ҳуснат иҷозат магар надод, эй гул,
Ки пурсише накунӣ андалеби шайдоро?

Ба хулқу лутф тавон кард сайди аҳли назар,
Ба дому дона нагиранд мурғи доноро.

Надонам, аз чӣ сабаб ранги ошноӣ нест
Саҳиқадони сияҳчашми моҳсиморо?

Чу бо ҳабиб нишинию бода паймоӣ,
Ба ёд дор муҳиббони бодпайморо.

Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯи зеборо.

Дар осмон, на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз
Суруди Зуҳра ба рақс оварад Масеҳоро.