Шукуфта шуд гули ҳамрову гашт булбул маст

Шукуфта шуд гули ҳамрову гашт булбул маст
Салои сархушӣ, эй сӯфиёни бодапараст!

Асоси тавба, ки дар муҳкамӣ чу санг намуд,
Бибин, ки ҷоми зуҷоҷӣ чӣ турфааш бишикаст.

Биёр бода, ки дар боргоҳи истиғно
Чи посбону чи султон, чи ҳушёру чи маст.

Аз ин работи дудар чун зарурат аст раҳил,
Равоқу тоқи маишат чи сарбаланду чи паст.

Мақоми айш муяссар намешавад бе ранҷ,
Бале, ба ҳукми «бало» бастаанд аҳди аласт.

Ба ҳасту нест маранҷон замиру хуш мебош,
Ки нестист саранҷоми ҳар камол, ки ҳаст.

Шукӯҳи осафию асби боду мантиқи тайр
Ба бод рафту аз ӯ хоҷа ҳеч тарф набаст.

Ба болу пар марав аз раҳ, ки тири партобӣ
Ҳаво гирифт замоне, вале ба хок нишаст.

Забони килки ту, Ҳофиз,чӣ шукри он гӯяд,
Ки гуфтаи суханат мебаранд даст ба даст.