Ҳофизи Шерозӣ

5. Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.

Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.

Даҳрӯза меҳри гардун афсонаест афсун.
Некӣ ба ҷойи ёрон фурсат шумор, ёро.

Дар ҳалқаи гулу мул, хуш хонд дӯш булбул,
Ҳоти-с-сабӯҳу ҳуббу ё айюҳа-с-сикоро!

Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.

Осойиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.

Дар кӯйи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.

Он талхваш, ки сӯфӣ уммулхабоисаш хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин қублат-ил-узоро.

Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.

Саркаш машав, ки чун шамъ, аз ғайратат бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мум аст санги хоро.

Оинаи Сикандар ҷоми Ҷам аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро.

Хубони порсигӯ бахшандагони умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони порсоро.

Ҳофиз ба худ напӯшид ин ҳирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.