Шароб аз дасти хубон Салсабил¹ аст,
В-агар худ хуни майхорон, сабил аст.
Намедонам, рутабро чошнӣ чист,
Ҳамебинам, ки хурмо бар нахил аст.
На вусма-ст он, ба дилбандӣ хазиб аст,
На сурма-ст он, ба ҷодуӣ каҳил² аст.
Сарангуштони соҳибдилфиребаш
На дар ҳинно, ки дар хуни қатил аст.
Ало, эй корвон, маҳмил биронед,
Ки моро банд бар пои раҳил³ аст.
Ҳар он шаб дар фироқи рӯи Лайлӣ,
Ки бар Манун равад, лайле тавил⁴ аст.
Камандаш медавонад пои муштоқ,
Биёбонро напурсад, чанд мил аст.
Чу мӯр афтону хезон рафт бояд,
В-агар худ раҳ ба зери пои пил аст.
Ҳабиб он ҷо ки дасте барфишонад,
Муҳибб ар сар наяфшонад, бахил аст.
Зи мо гар тоъат ояд, шармсорем,
В-аз эшон гар қабеҳ ояд, ҷамил аст.
Бадили⁵ дӯстон гиранду ёрон,
Валекин шоҳиди мо бебадил аст.
Сухан берун магӯй аз ишқ, Саъдӣ,
Сухан ишқ асту дигар қолу қил⁶ аст.
¹ Номи чашмае дар биҳишт.
² Чашми сурмакашида.
³ Кӯч, бонги ҳаракати корвон.
⁴ Шаби дароз.
⁵ Бадал, ҳар чӣ ба ҷои дигаре қарор гирад.
⁶ Гуфтугӯ.