Алминнату лиллаҳ, ки дари майкада боз аст

Алминнату лиллаҳ, ки дари майкада боз аст,
З-он рӯ, ки маро бар дари ӯ рӯйи ниёз аст.

Хумҳо ҳама дар ҷӯшу хурӯшанд зи мастӣ
В-он май, ки дар он ҷост, ҳақиқат, на маҷоз аст.

Аз вай ҳама мастию ғурур асту такаббур
В-аз мо ҳама бечорагию аҷзу ниёз аст.

Розе, ки бари ғайр нагуфтему нагӯем,
Бо дӯст бигӯем, ки ӯ маҳрами роз аст.

Шарҳи шикани зулфи хам андар хами ҷонон
Кӯтаҳ натавон кард, ки ин қисса дароз аст.

Бори дили Маҷнуну хами турраи Лайлӣ
Рухсораи Маҳмуду кафи пои Аёз аст.

Бардӯхтаам дида чу боз аз ҳама олам,
То дидаи ман бар рухи зебои ту боз аст.

Дар Каъбаи кӯйи ту ҳар он кас, ки биёяд,
Аз қиблаи абрӯи ту дар айни намоз аст.

Эй маҷлисиён, сӯзи дили Ҳофизи мискин
Аз шамъ бипурсед, ки дар сӯзу гудоз аст.