Саъдии Шерозӣ

80. Ин хатти шариф аз он банон аст

Ин хатти шариф аз он банон¹ аст
В-ин нақли ҳадис аз он даҳон аст.

Ин бӯи абири ошноӣ
Аз соҳати ёри меҳрбон аст.

Муҳр аз сари нома баргирифтам,
Гуфтӣ, ки сари гулобдон аст.

Қосид магар оҳуи Хутан буд,
К-иш нофаи мушк дар миён аст.

Ин худ чӣ иборати латиф аст?
В-ин худ чӣ кифояти баён аст?

Маълум шуд ин ҳадиси ширин,
К-аз мантиқи² он шакарфишон аст.

Ин хат ба замин нашояд андохт,
К-аз ҷониби моҳи осмон аст.

Рӯзе биравад равони Саъдӣ,
К-ин айш на айши ҷовидон аст.

Хуррам тани ӯ, ки чун равонаш
Аз тан биравад, сухан равон аст.

¹ Сарангушт.
² Сухан ва гуфтор.