GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 96. Зи ҳар чӣ ҳаст, гузир асту ногузир аз дӯст

Зи ҳар чӣ ҳаст, гузир¹ асту ногузир аз дӯст,
Ба қавли ҳар кӣ ҷаҳон², меҳр бармагир аз дӯст.

Ба бандагию сағирӣ гарат қабул кунад,
Сипос дор, ки фазле бувад кабир аз дӯст.

Ба ҷои дӯст гарат ҳар чӣ дар ҷаҳон бахшанд,
Ризо мадеҳ, ки матоъе бувад ҳақир аз дӯст.

Ҷаҳону ҳар чӣ дар ӯ ҳаст бо наъими биҳишт,
На неъматест, ки боз оварад фақир аз дӯст.

На гар қабул кунандат, сипос дорию бас,
Ки гар ҳалок шавӣ, миннате пазир аз дӯст.

Маро, ки дида ба дидори дӯст бар кардам,
Ҳалол нест, ки бар ҳам ниҳам ба тир аз дӯст.

В-агар чунон ки мусаввар³ шавад гузир аз ишқ,
Куҷо равам, ки намебошадам гузир аз дӯст?!

Ба ҳар тариқ ки бошад, асири душманро
Тавон хариду нашояд харид асир аз дӯст.

Кӣ дар замири ман ояд, зи ҳар кӣ дар олам,
Ки ман ҳанӯз напардохтам замир⁴ аз дӯст?!

Ту худ назир надорӣ, в-агар бувад ба масал,
Ман он наям, ки бадал гираму назир аз дӯст.

Ризои дӯст нигаҳ дору сабр кун, Саъдӣ,
Ки дӯстӣ набувад нолаву нафир⁵ аз дӯст.

¹ Чора, илоҷ.
² Ҳар кӣ дар ҷаҳон аст, ҳамаи ҷаҳониён.
³ Тасаввур гардад, пиндошта шавад.
⁴ Хотир. ⁵ Фарёд, фиғон.

Саъдии Шерозӣ 97. Субҳе муборак аст назар бар ҷамоли дӯст
Саъдии Шерозӣ 98. Гуфтам, магар ба хоб бибинам хаёли дӯст
Саъдии Шерозӣ 99. Субҳ механдаду ман гирякунон аз ғами дӯст
Саъдии Шерозӣ 100. Ин мутриб аз куҷост, ки баргуфт номи дӯст
Саъдии Шерозӣ 101. Эй пайки пайхуҷаста, ки дорӣ нишони дӯст
Саъдии Шерозӣ 102. То дастҳо камар накунӣ бар миёни дӯст
Саъдии Шерозӣ 103. Зи ҳад гузашт ҷудоӣ миёни мо, эй дӯст
Саъдии Шерозӣ 104. Маро ту ғояти мақсудӣ аз ҷаҳон, эй дӯст
Саъдии Шерозӣ 105. Оби ҳаёти ман аст хоки сари кӯи дӯст
Саъдии Шерозӣ 106. Шодӣ ба рӯзгори гадоёни кӯи дӯст
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР