Хуштар зи айшу суҳбати боғу баҳор чист

Хуштар зи айшу суҳбати боғу баҳор чист,
Соқӣ куҷост, гӯ сабаби интизор чист?

Ҳар вақти хуш, ки даст диҳад, муғтанам шумор,
Касро вуқуф нест, ки анҷоми кор чист.

Пайванди умр баста ба мӯест, ҳуш дор,
Ғамхори хеш бош, ғами рӯзгор чист?

Маънии оби зиндагию равзаи Ирам
Ҷуз тарфи рӯзгору майи хушгувор чист?

Мастуру маст ҳар ду чу аз як қабилаанд,
Мо дил ба ишваи кӣ диҳем, ихтиёр чист?

Рози даруни парда чӣ донад фалак, хамӯш,
Эй муддаӣ, низоъи ту бо пардадор чист?

Саҳву хатои банда гараш ҳаст эътибор,
Маънии афву раҳмати омурзгор чист?

Зоҳид шароби Кавсару Ҳофиз пиёла хост,
То дар миёна хостаи Кирдгор чист?