GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 102. То дастҳо камар накунӣ бар миёни дӯст

То дастҳо камар накунӣ бар миёни дӯст,
Бӯсе ба коми дил надиҳӣ бар даҳони дӯст.

Донӣ, ҳаёти куштаи шамшери ишқ чист?
Себе газидан аз рухи чун бӯстони дӯст.

Бар моҷарои Хусраву Ширин қалам кашид,
Шӯре ки дар миёни ман асту миёни дӯст.

Хасме ки тири кофираш андар ғазо¹ накушт,
Хунаш бирехт абруи ҳамчун камони дӯст.

Дил рафту дида хун шуду ҷони заъиф монд,
В-он ҳам барои он ки кунам ҷон фидои дӯст.

Рӯзе ба пои маркаби тозӣ³ дарафтамаш,
Гар кибру ноз бознапечад инони дӯст.

Ҳайҳот коми ман, ки барояд ба ин талаб,
Ин бас, ки номи ман биравад бар забони дӯст.

Чун ҷон супурданист, ба ҳар сурате, ки ҳаст,
Дар кӯи ишқ хуштару бар остони дӯст.

Бо хештан ҳамебарам ин шавқ то ба хок,
В-аз хок сар барораму пурсам нишони дӯст.

Фарёди мардумон ҳама аз дасти душман аст,
Фарёди Саъдӣ аз дили номеҳрбони дӯст.

¹ Ҷанг, набард.
² Тозон, тозанда.

Саъдии Шерозӣ 103. Зи ҳад гузашт ҷудоӣ миёни мо, эй дӯст
Саъдии Шерозӣ 104. Маро ту ғояти мақсудӣ аз ҷаҳон, эй дӯст
Саъдии Шерозӣ 105. Оби ҳаёти ман аст хоки сари кӯи дӯст
Саъдии Шерозӣ 106. Шодӣ ба рӯзгори гадоёни кӯи дӯст
Саъдии Шерозӣ 107. Субҳдам боде ба саҳро бурд бод аз кӯи дӯст
Саъдии Шерозӣ 108. Маро худ бо ту чизе дар миён ҳаст
Саъдии Шерозӣ 109. Биё, биё, ки маро бо ту моҷарое ҳаст
Саъдии Шерозӣ 110. Ҳар чӣ дар рӯи ту гӯянд ба зебоӣ, ҳаст
Саъдии Шерозӣ 111. Машнав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст
Саъдии Шерозӣ 112. Зиҳӣ рафиқ, ки бо чун ту сарвболоест
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР