Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест

Кас нест, ки афтодаи он зулфи дуто нест,
Дар раҳгузари кист, ки доме зи бало нест?

Чун чашми ту дил мебарад аз гӯшанишинон,
«Дунболи ту будан гунаҳ аз ҷониби мо нест».

Рӯйи ту магар ойинаи лутфи илоҳист?
Ҳаққо, ки чунин асту дар ин рӯю риё нест.

Наргис талабад шеваи чашми ту, зиҳӣ чашм!
Мискин хабараш аз сару дар дида ҳаё нест.

Аз баҳри Худо, зулф маперой, ки моро
Шаб нест, ки сад арбада бо боди сабо нест.

Боз ой, ки бе рӯйи ту, эй шамъи дилафрӯз,
Дар базми ҳарифон асари нуру сафо нест.

Тимори ғарибон сабаби зикри ҷамил аст,
Ҷоно, магар ин қоида дар шаҳри шумо нест?

Дӣ мешуду гуфтам: «Санамо, аҳд ба ҷой ор!»
Гуфто: «Ғалате, хоҷа, дар ин аҳд вафо нест!»

Гар пири муғон муршиди ман шуд, чӣ тафовут?
Дар ҳеч саре нест, ки сирре зи Худо нест.

Ошиқ чӣ кунад, гар накашад бори маломат,
Бо ҳеч диловар сипари тири қазо нест.

Дар савмааи зоҳиду дар хилвати сӯфӣ
Ҷуз гӯшаи абрӯи ту меҳроби дуо нест.

Эй чанг фурӯ бурда ба хуни дили Ҳофиз,
Фикрат магар аз ғайрати Қуръону Худо нест?