GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 108. Маро худ бо ту чизе дар миён ҳаст

Маро худ бо ту чизе дар миён ҳаст,
В-агарна, рӯи зебо дар ҷаҳон ҳаст.

Вуҷуде дорам, аз меҳрат гудозон,
Вуҷудам рафту меҳрат ҳамчунон ҳаст.

Мабар зан¹, к-аз сарам савдои ишқат
Равад, то бар заминам устухон ҳаст.

Агар пешам нишинӣ, дил нишонӣ,
В-агар ғоиб шавӣ, дар дил нишон ҳаст.

Ба гуфтан рост н-ояд шарҳи ҳуснат,
Валекин гуфт хоҳам, то забон ҳаст.

Надонам, қомат аст он ё қиёмат,
Кӣ мегӯяд, чунин сарви равон ҳаст?

Тавон гуфтан ба маҳ монӣ, вале моҳ
Напиндорам, чунин шириндаҳон ҳаст.

Ба ҷуз пешат нахоҳам сар ниҳодан,
Агар болин набошад, остон ҳаст.

Бирав, Саъдӣ, ки кӯи васли ҷонон
На бозорест, к-он ҷо қадри ҷон ҳаст.

¹ Гумон.

Саъдии Шерозӣ 109. Биё, биё, ки маро бо ту моҷарое ҳаст
Саъдии Шерозӣ 110. Ҳар чӣ дар рӯи ту гӯянд ба зебоӣ, ҳаст
Саъдии Шерозӣ 111. Машнав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст
Саъдии Шерозӣ 112. Зиҳӣ рафиқ, ки бо чун ту сарвболоест
Саъдии Шерозӣ 113. Маро аз он чӣ, ки беруни шаҳр саҳроест?
Саъдии Шерозӣ 114. Дардест дарди ишқ, ки ҳечаш табиб нест
Саъдии Шерозӣ 115. Кист он, к-иш сари пайванди ту дар хотир нест
Саъдии Шерозӣ 116. Гар сабри дил аз ту ҳасту гар нест
Саъдии Шерозӣ 117. Эй ки гуфтӣ, ҳеч мушкил чун фироқи ёр нест
Саъдии Шерозӣ 118. Ҷон надорад, ҳар кӣ ҷононеш нест
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР