GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 109. Биё, биё, ки маро бо ту моҷарое ҳаст

Биё, биё, ки маро бо ту моҷарое ҳаст,
Бигӯй, агар гунаҳе рафту гар хатое ҳаст.

Раво бувад, ки чунин беҳисоб дил бибарӣ?
Макун, ки мазлимаи¹ халқро ҷазое ҳаст.

Тавонгаронро айбе набошад, ар вақте
Назар кунанд, ки дар кӯи мо гадое ҳаст.

Ба коми душману бегона рафт чандин рӯз,
Зи дӯстон нашунидам, ки ошное ҳаст.

Касе намонд, ки бар дарди ман бибахшояд,
Касе нагуфт, ки берун аз ин давое ҳаст.

Ҳазор навбат агар хотирам бишӯронӣ,
Аз ин тараф ки манам, ҳамчунон сафое ҳаст.

Ба дуди оташи мохулиё² димоғ бисӯхт,
Ҳанӯз ҷаҳли мусаввар, ки кимиёе ҳаст.

Ба коми дил нарасидему ҷон ба ҳалқ расид,
В-агар ба ком расад, ҳамчунон раҷое ҳаст.

Ба ҷони дӯст, ки дар эътиқоди Саъдӣ нест,
Ки дар ҷаҳон ба ҷуз аз кӯи дӯст ҷое ҳаст.

¹ Зулму ситаме, ки бар касе раво доранд, додхоҳӣ.
² Фикри беҳуда, хаёли хом, навъе ҷунун.

Саъдии Шерозӣ 110. Ҳар чӣ дар рӯи ту гӯянд ба зебоӣ, ҳаст
Саъдии Шерозӣ 111. Машнав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст
Саъдии Шерозӣ 112. Зиҳӣ рафиқ, ки бо чун ту сарвболоест
Саъдии Шерозӣ 113. Маро аз он чӣ, ки беруни шаҳр саҳроест?
Саъдии Шерозӣ 114. Дардест дарди ишқ, ки ҳечаш табиб нест
Саъдии Шерозӣ 115. Кист он, к-иш сари пайванди ту дар хотир нест
Саъдии Шерозӣ 116. Гар сабри дил аз ту ҳасту гар нест
Саъдии Шерозӣ 117. Эй ки гуфтӣ, ҳеч мушкил чун фироқи ёр нест
Саъдии Шерозӣ 118. Ҷон надорад, ҳар кӣ ҷононеш нест
Саъдии Шерозӣ 119. Ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ки моро бо ту рӯи ҷанг нест
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Саъдии Шерозӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР