GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 111. Машнав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст

Машнав, эй дӯст, ки ғайр аз ту маро ёре ҳаст,
Ё шабу рӯз ба ҷуз фикри туам коре ҳаст.

Ба каманди сари зулфат на ман афтодаму бас,
Ки ба ҳар ҳалқаи мӯет гирифторе ҳаст.

Гар бигӯям, ки маро бо ту сару коре нест,
Дару девор гувоҳӣ бидиҳад: коре ҳаст!

Ҳар кӣ айбам кунад аз ишқу маломат гӯяд,
То надидаст туро, бар манаш инкоре ҳаст.

Сабр бар ҷаври рақибат, чӣ кунам, гар накунам?
Ҳама донанд, ки дар суҳбати гул хоре ҳаст.

На мани хомтамаъ ишқи ту меварзаму бас,
Ки чу ман сӯхта дар хайли¹ ту бисёре ҳаст.

Бод хоке зи мақоми ту биёварду бибурд
Оби ҳар тиб², ки дар таблаи атторе ҳаст.

Ман чӣ дар пои ту резам, ки писанди ту бувад?
Ҷону сарро натавон гуфт, ки миқдоре ҳаст.

Ман аз ин далқи мураққаъ³ бадар оям рӯзе,
То ҳама халқ бидонанд, ки зунноре⁴ ҳаст.

Ҳамаро ҳаст, ҳамин доғи муҳаббат ки марост,
Ки на мастам ману дар даври ту ҳушёре ҳаст.

Ишқи Саъдӣ на ҳадисест, ки пинҳон монад,
Достонест, ки дар ҳар сари бозоре ҳаст.

¹ Дӯстдорон, пайравон.
² Бӯи хуш.
³ Ҷомаи васладор.
⁴ Камарбанде, ки масеҳиён бар камар мебастанд.

Саъдии Шерозӣ 112. Зиҳӣ рафиқ, ки бо чун ту сарвболоест
Саъдии Шерозӣ 113. Маро аз он чӣ, ки беруни шаҳр саҳроест?
Саъдии Шерозӣ 114. Дардест дарди ишқ, ки ҳечаш табиб нест
Саъдии Шерозӣ 115. Кист он, к-иш сари пайванди ту дар хотир нест
Саъдии Шерозӣ 116. Гар сабри дил аз ту ҳасту гар нест
Саъдии Шерозӣ 117. Эй ки гуфтӣ, ҳеч мушкил чун фироқи ёр нест
Саъдии Шерозӣ 118. Ҷон надорад, ҳар кӣ ҷононеш нест
Саъдии Шерозӣ 119. Ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ки моро бо ту рӯи ҷанг нест
Саъдии Шерозӣ 120. Хабарат ҳаст, ки бе рӯи ту оромам нест
Саъдии Шерозӣ 121. Бо фироқат чанд созам? Барги танҳоим нест
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР