GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 114. Дардест дарди ишқ, ки ҳечаш табиб нест

Дардест дарди ишқ, ки ҳечаш табиб нест,
Гар дардманди ишқ бинолад, ғариб нест.

Донанд оқилон, ки маҷонини ишқро
Парвои қавли носиҳу панди адиб нест.

Ҳар к-ӯ шароби ишқ нахурдасту дурди дард,
Он аст, к-аз ҳаёти ҷаҳонаш насиб нест.

Дар мушку уду анбару амсоли таййибот¹
Хуштар зи бӯи дӯст дигар ҳеч тиб нест.

Сайд аз каманд агар биҷаҳад, булъаҷаб бувад,
В-арна, чу дар каманд бимирад, аҷиб нест.

Гар дӯст воқиф аст, ки бар ман чӣ меравад,
Бок аз ҷафои душману ҷаври рақиб нест.

Бигрист чашми душмани ман бар ҳадиси ман,
Фазл аз ғариб ҳасту вафо дар қариб² нест.

Аз ханда гул чунон ба қафо уфтода боз,
К-ӯро хабар зи машғалаи андалеб нест.

Саъдӣ, зи дасти дӯст шикоят куҷо барӣ?
Ҳам сабр бар ҳабиб, ки сабр аз ҳабиб нест.

¹ Маводи покизаву хушбӯ.
² Ошно, наздик.

Саъдии Шерозӣ 115. Кист он, к-иш сари пайванди ту дар хотир нест
Саъдии Шерозӣ 116. Гар сабри дил аз ту ҳасту гар нест
Саъдии Шерозӣ 117. Эй ки гуфтӣ, ҳеч мушкил чун фироқи ёр нест
Саъдии Шерозӣ 118. Ҷон надорад, ҳар кӣ ҷононеш нест
Саъдии Шерозӣ 119. Ҳар чӣ хоҳӣ, кун, ки моро бо ту рӯи ҷанг нест
Саъдии Шерозӣ 120. Хабарат ҳаст, ки бе рӯи ту оромам нест
Саъдии Шерозӣ 121. Бо фироқат чанд созам? Барги танҳоим нест
Саъдии Шерозӣ 122. Дар ман ин аст, ки сабрам зи накӯрӯён нест
Саъдии Шерозӣ 123. Дар ман ин ҳаст, ки сабрам зи накӯрӯён нест
Саъдии Шерозӣ 124. Рӯзи васлам қарори дидан нест
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР