Шунидаам сухане хуш, ки пири Канъон гуфт ...

Шунидаам сухане хуш, ки пири Канъон гуфт:
«Фироқи ёр на он мекунад, ки битвон гуфт».

Ҳадиси ҳавли қиёмат, ки гуфт воизи шаҳр,
Киноятест, ки аз рӯзгори ҳиҷрон гуфт.

Нишони ёри сафаркарда аз кӣ пурсам боз,
Ки ҳар чӣ гуфт бариди сабо, парешон гуфт.

Фиғон, ки он маҳи номаҳрубони меҳргусил
Ба тарки суҳбати ёрони худ чӣ осон гуфт.

Ману мақоми ризо баъд аз ину шукри рақиб,
Ки дил ба дарди ту хӯ карду тарки дармон гуфт.

Ғами куҳан ба майи солхӯрда дафъ кунед,
Ки тухми хушдилӣ ин аст, пири деҳқон гуфт.

Гиреҳ ба бод мазан, гарчи бар мурод равад,
Ки ин сухан ба масал мӯр бо Сулаймон гуфт.

Ба муҳлате, ки сипеҳрат диҳад, зи роҳ марав,
Туро кӣ гуфт, ки ин Зол тарки Дастон гуфт?

Мазан зи чуну чаро дам, ки бандаи мақбул
Қабул кард ба ҷон, ҳар сухан ки ҷонон гуфт.

Кӣ гуфт, Ҳофиз аз андешаи ту омад боз?
Ман ин нагуфтаам, он кас, ки гуфт, буҳтон гуфт.