Саъдии Шерозӣ

124. Рӯзи васлам қарори дидан нест

Рӯзи васлам қарори дидан нест,
Шаби ҳиҷронам орамидан нест.

Тоқати сар буриданам бошад,
В-аз ҳабибам сари буридан нест.

Мутриб аз дасти ман ба ҷон омад,
Ки маро тоқати шунидан нест.

Дасти бечора чун ба ҷон нарасад,
Чора ҷуз пираҳан даридан нест.

Мо худ афтодагони мискинем,
Ҳоҷати дом густаридан нест.

Даст дар хуни ошиқон дорӣ,
Ҳоҷати теғ баркашидан нест.

Бо худовандгоре афтодам,
К-иш сари банда парваридан нест.

Гуфтам: Эй бӯстони рӯҳонӣ,
Дидани мева чун газидан нест.

Гуфт: Саъдӣ, хаёли хира мабанд,
Себи симин барои чидан нест.