Сӯфӣ ар бода ба андоза хӯрад, нӯшаш бод

Сӯфӣ ар бода ба андоза хӯрад, нӯшаш бод
В-арна андешаи ин кор фаромӯшаш бод!

Он ки як ҷуръа май аз даст тавонад додан,
Даст бо шоҳиди мақсуд дар оғӯшаш бод!

Пири мо гуфт: «Хато бар қалами сунъ нарафт!»
Офарин бар назари поки хатопӯшаш бод!

Шоҳи туркон сухани муддаиён мешунавад,
Шарме аз мазлимаи хуни Сиёвушаш бод!

Гарчи аз кибр сухан бо мани дарвеш нагуфт,
Ҷон фидои шакарин пистаи хомӯшаш бод!

Чашмам аз ойинадорони хату холаш гашт,
Лабам аз бӯсарабоёни бару дӯшаш бод!

Наргиси масти навозишкуни мардумдораш
Хуни ошиқ ба қадаҳ гар бихурад, нӯшаш бод!

Ба ғуломии ту машҳури ҷаҳон шуд Ҳофиз,
Ҳалқаи бандагии зулфи ту дар гӯшаш бод!