GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 146. Эй ҷони хирадмандон гӯи хами чавгонат

Эй ҷони хирадмандон гӯи хами чавгонат,
Берун наравад гӯе, к-афтод ба майдонат.

Рӯзи ҳама сар бар кард аз кӯҳу шаби моро
Сар бар накунад хуршед, илло зи гиребонат.

Ҷон дар тани муштоқон аз завқ ба рақс ояд,
Чун бод биҷунбонад шохе зи гулистонат.

Девори сароятро наққош намебояд,
Ту зинати айвонӣ, на сурати айвонат.

Ҳарчанд намесӯзад бар ман дили сангинат,
Гӯӣ, дили ман сангест дар чоҳи занахдонат.

Ҷон бохтан осон аст андар назарат, лекин
Ин лоша намебинам шоистаи қурбонат.

Бо доғи ту ранҷурӣ беҳ, к-аз назарат дурӣ,
Пеши қадамат мурдан хуштар, ки ба ҳиҷронат.

Эй бодияи ҳиҷрон, то ишқи Ҳарам бошад,
Ушшоқ наяндешанд, аз хори муғелонат.

Дигар натавонистам аз фитна ҳазар кардан,
З-он гаҳ ки дарафтодам бо қомати фаттонат.

Шояд, ки дар ин дунё маргаш набувад ҳаргиз,
Саъдӣ, ки чу ҷон дорад, бал дӯсттар аз ҷонат.

Бисёр чу Зулқарнайн¹ офоқ бигардидаст,
Ин ташна, ки мемирад бар чашмаи ҳайвонат.

¹ Лақаби Искадар, ки ба дунболи чашмаи ҳайвон буд.

Саъдии Шерозӣ 147. Ҷону танам, эй дӯст, фидои тану ҷонат
Саъдии Шерозӣ 148. Чу нест роҳи бурун омадан зи майдонат
Саъдии Шерозӣ 149. Чӣ латиф аст қабо бар тани чун сарви равонат
Саъдии Шерозӣ 150. Хуш меравӣ ба танҳо, танҳо фидои ҷонат
Саъдии Шерозӣ 151. Гар ҷон талабӣ, фидои ҷонат
Саъдии Шерозӣ 152. Биё, ки навбати сулҳ асту дӯстию иноят
Саъдии Шерозӣ 153. Сари таслим ниҳодем ба ҳукму роят
Саъдии Шерозӣ 154. Ҷони ман, ҷони ман фидои ту бод
Саъдии Шерозӣ 155. З-он гаҳ, ки бар он сурати хубам назар афтод
Саъдии Шерозӣ 156. Фарҳодро чу бар рухи Ширин назар фитод
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР