Саъдии Шерозӣ

164. Дидори ёри ғоиб, донӣ, чӣ завқ дорад?

Дидори ёри ғоиб, донӣ, чӣ завқ дорад?
Абре, ки дар биёбон бар ташнае биборад.

Эй бӯи ошноӣ, донистам, аз куҷоӣ,
Пайғоми васли ҷонон пайванди рӯҳ дорад.

Савдои ишқ пухтан ақлам намеписандад,
Фармони ақл бурдан ишқам намегузорад.

Бошад, ки худ ба раҳмат ёд оваранд моро,
В-арна, кадом қосид пайғоми мо гузорад?

Ҳам орифони ошиқ донанд ҳоли мискин,
Гар орифе бинолад ё ошиқе бизорад.

Заҳрам чу нӯшдору аз дасти ёри ширин
Бар дил хуш аст, нӯшам бе ӯ намегуворад.

Пое ки барнаёяд рӯзе ба санги ишқе,
Гӯем, ҷон надорад ё дил намесупорад.

Машғули ишқи ҷонон гар ошиқест содиқ,
Дар рӯзи тирборон бояд ки сар нахорад.

Беҳосил аст, ёро, авқоти зиндагонӣ,
Илло даме, ки ёре бо ҳамдаме барорад.

Донӣ, чаро нишинад Саъдӣ ба кунҷи хилват?
К-аз дасти хубрӯён берун шудан наёрад.