Ёд бод, он ки зи мо вақти сафар ёд накард

Ёд бод, он ки зи мо вақти сафар ёд накард,
Ба видоъе дили ғамдидаи мо шод накард.

Он ҷавонбахт, ки мезад рақами хайру қабул,
Бандаи пир, надонам, зи чӣ озод накард?

Коғазинҷома ба хуноб бишӯям, ки фалак
Раҳнамуним ба пойи алами дод накард.

Дил ба уммеди садое, ки магар дар ту расад,
Нолаҳо кард дар ин кӯҳ, ки Фарҳод накард.

Соя то боз гирифтӣ зи чаман, мурғи саҳар
Ошён дар шикани турраи шамшод накард.

Шояд, ар пайки сабо аз ту биёмӯзад кор,
З-он ки чолоктар аз ин ҳаракат бод накард.

Килки машшотаи сунъаш накашад нақши мурод,
Ҳар кӣ иқрор бад-ин ҳусни худодод накард.

Мутрибо, парда бигардону бизан роҳи «Ироқ»,
Ки бад-ин роҳ бишуд ёру зи мо ёд накард.

Ғазалийёти ироқист суруди Ҳофиз,
Кӣ шунид ин «Раҳ»-и дилсӯз, ки фарёд накард?!