Рӯ бар раҳаш ниҳодаму бар ман гузар накард

Рӯ бар раҳаш ниҳодаму бар ман гузар накард,
Сад лутф чашм доштаму як назар накард.

Сели сиришки мо зи дилаш кин бадар набурд,
Дар санги хора қатраи борон асар накард.

Ё Раб, ту он ҷавони диловар нигоҳ дор,
К-аз тири оҳи гӯшанишинон ҳазар накард.

Моҳию мурғ дӯш зи афғони ман нахуфт
В-он шӯхдида бин, ки сар аз хоб бар накард.

Ман хостам, ки мирамаш андар қадам чу шамъ,
Ӯ худ гузар ба мо чу насими саҳар накард.

Ҷоно, кадом сангдили бекифоят аст,
К-ӯ пеши захми теғи ту ҷонро сипар накард?

Килки забонбуридаи Ҳофиз дар анҷуман
Бо кас нагуфт рози ту, то тарки сар накард.