Саъдии Шерозӣ

179. Кист он моҳи мунаввар, ки чунин мегузарад?

Кист он моҳи мунаввар, ки чунин мегузарад?
Ташна ҷон медиҳаду мои маъин¹ мегузарад.

Сарв агар низ таҳаввул кунад аз ҷой ба ҷой,
Натавон гуфт, ки зеботар аз ин мегузарад.

Ҳури ин мегузарад дар назари сӯхтагон,
Ё маҳи чорда, ё луъбати Чин мегузарад.

Ком аз ӯ кас нагирифтаст, магар боди баҳор,
Ки бар он зулфу буногӯшу ҷабин мегузарад.

Мардуми зери замин рафтани ӯ пиндоранд,
К-офтоб аст, ки бар авҷи барин мегузарад.

Пой, гӯ, бар сари ошиқ ниҳу бар дидаи дӯст,
Ҳайф бошад, ки чунин кас ба замин мегузарад.

Ҳар кӣ дар шаҳр диле дораду дине дорад,
Гӯ, ҳазар кун, ки ҳалоки дилу дин мегузарад.

Аз хаёл омадану рафтанаш андар дилу чашм
Бо гумон афтаму гар худ ба яқин мегузарад.

Гар кунад рӯй ба мо ё накунад, ҳукм ӯрост,
Подшоҳест, ки бар милки ямин² мегузарад.

Саъдиё, гӯшанишинӣ куну шоҳидбозӣ,
Шоҳид он аст, ки бар гӯшанишин мегузарад.

¹ Оби равони покиза.
² Ончи дар тасарруфи қабзаи касе бошад.