Насими боди сабо дӯшам огаҳӣ овард

Насими боди сабо дӯшам огаҳӣ овард,
Ки рӯзи меҳнату ғам рӯ ба кӯтаҳӣ овард.

Ба мутрибони сабӯҳӣ диҳем ҷомаи чок,
Бад-ин навид, ки боди саҳаргаҳӣ овард.

Биё, биё, ки ту, ҳури биҳишро Ризвон
Дар ин ҷаҳон зи барои дили раҳӣ овард.

Ҳамерасем ба Шероз бо инояти бахт,
Зиҳӣ рафиқ, ки бахтам ба ҳамраҳӣ овард.

Ба ҷабри хотири мо кӯш, к-ин кулоҳи намад
Басо шикаст, ки бо афсари шаҳӣ овард.

Чӣ нолаҳо, ки расид аз дилам ба хиргаҳи моҳ,
Чу ёди орази он моҳи хиргаҳӣ овард.

Расонд рояти Мансур бар фалак Ҳофиз,
Ки илтиҷо ба ҷаноби шаҳаншаҳӣ овард.