Дилам ҷуз меҳри маҳрӯён тариқе бар намегирад

Дилам ҷуз меҳри маҳрӯён тариқе бар намегирад,
Зи ҳар дар медиҳам пандаш, валекин дар намегирад.

Худоро, эй насиҳатгӯ, ҳадиси мутрибу май гӯ,
Ки нақше дар хаёли мо аз ин хуштар намегирад.

Биё, эй соқии гулрух, биёвар бодаи рангин,
Ки фикре дар даруни мо аз ин беҳтар намегирад.

Суроҳӣ мекашам пинҳону мардум дафтар ангоранд,
Аҷаб, гар оташи ин зарқ дар дафтар намегирад.

Ман ин далқи мураққаъро бихоҳам сӯхтан рӯзе,
Ки пири майфурӯшонаш ба ҷоме барнамегирад.

Аз он рӯ ҳаст ёронро сафое бо майи лаълаш,
Ки ғайр аз ростӣ нақше дар он ҷавҳар намегирад.

Сару чашме чунин дилкаш, ту гӯйӣ, чашм аз ӯ бардӯз,
Бирав, к-ин ваъзи бемаънӣ маро дар сар намегирад.

Насиҳатгӯйи риндонро, ки бо ҳукми қазо ҷанг аст,
Дилаш бас танг мебинам, магар соғар намегирад?

Миёни гиря механдам, ки чун шамъ андар ин маҷлис
Забони оташинам ҳаст, лекин дар намегирад.

Чӣ хуш сайди дилам кардӣ, бинозам чашми мастатро,
Ки кас мурғони ваҳширо аз ин хуштар намегирад.

Сухан дар эҳтиёҷи мову истиғнои маъшуқ аст,
Чӣ суд афсунгарӣ, эй дил, ки дар дилбар намегирад?

Ман он ойинаро рӯзе ба даст орам Сикандарвор,
Агар мегирад ин оташ забоне в-ар намегирад.

Худоро, раҳме, эй мунъим, ки дарвеши сари кӯят
Даре дигар намедонад, раҳе дигар намегирад.

Бад-ин шеъри тари ширин зи шоҳаншаҳ аҷаб дорам,
Ки сар то пойи Ҳофизро чаро дар зар намегирад?!